окна фотограф html php памятники знакомства


  • Бори дуввум аст, ки дар ташкилот бахши махсуси тайёрӣ ба TOEFL ташкил карда шуд
  • Бори дуввум аст, ки дар ташкилот бахши махсуси тайёри ба TOEFL ба хоҳишмандон ташкил карда шуд, ки онро 10 нафар бомувафффакият хатм намуданд. Ин бахш аз 4 кисм иборат аст: хониш ва фаҳмидани матни душворфаҳм ва ба саволу тестҳо ҷавоб додан, шунидан ва фаҳмида тавонистани матни душворфахм аз нутқи дорандаи забон ва ба саолу тестҳо ҷавоб додан, гуфтугӯ гардан дар мавзӯъҳои додашудаи мухталиф, ва навиштани иншо бо забони англисӣ мебошад.

  • Дар мавсими тобистонаи омӯзиш дар ташкилот озмуни «Нутқи тиллоӣ» шуда гузашт
  • Дар мавсими тобистонаи омӯзиш дар ташкилот озмуни «Нутқи тиллои» шуда гузашт, ки дар он 10 нафар беҳтаринҳо ғолиб дониста шуданд. Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур ин баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон нисбати забономӯзӣ, санҷиш ва нишон додани маҳорати худ оиди зебо, далелнок, боваринок, сухан кардан дар ҷомеа мебошад. Дар ин озмун зиёда аз 50 нафар ишитрокчиён маҳорати худро санҷиданд. Ташкилот тасмим гирифт, соле ду маротиба чунин озмунро ташкил кунад.

  • Маросими супоридани шаҳодатномаҳо
  • Санаи 26 декабри соли 2016 21 нафар хатмкунандагон бахши Дискашн 1 ва 21 нафар психологияи интенсивиро бо забони англисӣ хатм карда ба Дискашн 3 роххат гирифтанд. Бод кайд кард, ки максади асосии ташкили ин бахшҳо ин инкишоф додани малакаву маҳорати хонандагон дар чабҳаи озодона фикри худро бо забони англисӣ баён кардан, онро бо далелҳо исбот кардан, баҳсу мунозира кардан, тартиб додани саволҳои таҳлили, таҳлил ва танқидкуни ва ғайра мебошад.

  • Бахши интенсивии Инсоншиносӣ бо забони англисӣ
  • Аввалин бор дар ташкилот дар мавсими тобистона бахши эксперименалии Инсоншиносӣ бо забони англисӣ ташкил карда шуд. Бахши Инсоншиносӣ ин фанни бисёрсоҳаи гуманитари буда, бахшҳои зеринро ба монанди фалсафа, таърих, ҷомеашиносӣ, диншиносӣ, санъат ва маданиятшиносӣ, этика эстетика, психология ва ғайраро дар бар мегирад. Дар раванди таълим хонандагон хеле мавзӯъҳои аҷоиб ва ҷолиби диккатро бо забони англисӣ аз худ карданд, ки ин имконият танҳо дар ин ташкилот ба онҳо дода мешавад.

  • 10-солагии таъсисёбии ташкилот
  • Соли 2016 Ташкилот 10-солагии таъсисебии худро ботантана дар бинои театри К.Хучандӣ таҷлил кард. Дар ин чорабини волидайн меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, мактабу донишгоҳҳо ва ташкилотҳову марказхои омӯзиши иштирок карданд. Барномаи чорабини аз қисми расмии супоридани шаҳодатномаҳо, хондани гимни ташкилот, қасамёдкуни ва қисми фархангӣ иборат буд. Инчунин хатмкунандагон малакаву маҳорати худро бо забони англисӣ баҳсу мунозира карданро дар назди ҳозирин пешкаш карданд.

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93
Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93

Мо дар

счетчик посетителей сайта