окна фотограф html php памятники знакомства


  • Оғози озмунҳо ва имтиҳонҳо дар ташкилот
  • Чун анъана дар ТҶ «МРМҶН» ба номи У. Шекспир пеш аз маросими супоридани шаҳодатномаҳо якчанд намуд озмунхо гузаронида мешаванд. Аз ин лиҳоз аз тарафи раиси марказ Ӯрунова Ҳ.У. ду ҳафтаи охири моҳи феврал барои гузаронидани озмунҳо ҷудо карда шудааст. Аниқтараш, гузаронидани озмуньҳо аз санаи 13.02.2017 ибтидо ёфта то санаи 27.02.2017 тӯл хоҳад кашид. Бояд қайд кард, ки тӯли 2 ҳафта чунин намуд озмунҳо гузаронида мешаванд: 1. «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ 2. «Иншои беҳтарин» бо забони англисӣ 3. «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ 4. «Хонандаи беҳтарин» . Боз бояд хотиррасон кард, ки аз гурӯҳҳои хатмкунандагон имтиҳонҳои ниҳоӣ гирифта мешаванд. Тақвими пурраи гузаронидани озмунҳо ва имтиҳонҳои ниҳоӣ: 13.02 – гузаронидани озмуни «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ, 14.02 – гузаронидани озмуни «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ, 15.02 – гузаронидани озмуни «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ, 16.02 – гузаронидани озмуни «Иншои беҳтарин» бо забони англисӣ, 17.02 – гузаронидани озмуни «Иншои беҳтарин» бо забони англисӣ, 20.02 – гузаронидани озмуни «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ, 21.02 – супоридани имтиҳони ниҳоӣ , 22.02 – гузаронидани озмуни «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ ва супоридани имтиҳони ниҳоӣ, 23.02 – гузаронидани озмуни «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ, 24.02 – гузаронидани озмуни «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ.

  • Аввалин бор дар ташкилот «Клуби файласуфони чавон» ташкил карда шуд
  • Аввалин бор дар ташкилот «Клуби файласуфони чавон» ташкил карда шуд. Мақсад аз ташкил кардани ин клуб бо хонандагон шинос кардан ва омӯзонидани асосхои илми фалсафа, файласуфон ва ақидахои илмии онхо мебошад. Таълим бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, хонандагон на танхо ба маълумотҳои аҷоиби илми фалсафа соҳиб мешаванд, балки онҳоро таҳлил ва баҳс мекунанд.

  • Бори дуввум аст, ки дар ташкилот бахши махсуси тайёрӣ ба TOEFL ташкил карда шуд
  • Бори дуввум аст, ки дар ташкилот бахши махсуси тайёри ба TOEFL ба хоҳишмандон ташкил карда шуд, ки онро 10 нафар бомувафффакият хатм намуданд. Ин бахш аз 4 кисм иборат аст: хониш ва фаҳмидани матни душворфаҳм ва ба саволу тестҳо ҷавоб додан, шунидан ва фаҳмида тавонистани матни душворфахм аз нутқи дорандаи забон ва ба саолу тестҳо ҷавоб додан, гуфтугӯ гардан дар мавзӯъҳои додашудаи мухталиф, ва навиштани иншо бо забони англисӣ мебошад.

  • Ҷураева Н, Абдуалимзода A ва Аминзода М ба ҷоизаи «хонандаи сол 2016» соҳиб шуданд.
  • Се нафар хонанда: Ҷураева Нигора, Абдуалимзода Азиза ва Аминзода Мухаммадхон ба ҷоизаи «хонандаи сол 2016» соҳиб шуданд. Ҳар сол дар ташкилот озмуни «Хонандаи сол» ва «Волидайни беҳтарин» ташкил карда мешавад. Ин даъфа низ ин озмун гузаронида шуда натиҷаи он дар арафаи соли нав дар маросими ҷамъбастии супоридани шаходатномаҳо ҷамъбаст гардид. Мақсади гузаронидаи ин озмун интихоби хонандаи намунави ва волидайни намунави дар тарбияи фарзанд барои нишон додани дарси ибрат ба дигарон мебошад. Шартҳои асосии ин озмун ин на фақат доштани дониши баланд, инчунин интизоми намунавӣ, одобу аҳлоки некӣ инсонӣ, тартиби одоби иштирок ба дарсхо мебошад.

  • Дар мавсими тобистонаи омӯзиш дар ташкилот озмуни «Нутқи тиллоӣ» шуда гузашт
  • Дар мавсими тобистонаи омӯзиш дар ташкилот озмуни «Нутқи тиллои» шуда гузашт, ки дар он 10 нафар беҳтаринҳо ғолиб дониста шуданд. Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур ин баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон нисбати забономӯзӣ, санҷиш ва нишон додани маҳорати худ оиди зебо, далелнок, боваринок, сухан кардан дар ҷомеа мебошад. Дар ин озмун зиёда аз 50 нафар ишитрокчиён маҳорати худро санҷиданд. Ташкилот тасмим гирифт, соле ду маротиба чунин озмунро ташкил кунад.

  • Моҳи декабри соли 2016 дар ташкилот бозиҳои интеллектуалии «дебатҳо» шуда гузашт
  • Моҳи декбри соли 2016 дар ташкилот бозиҳои интеллектуалии «дебатҳо» гузаронида шуданд ва ба гуруҳҳои ғолиб туҳфаҳои хотирави супорида шуданд. Ин бози бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон нисбати омӯзиши забони англисӣ, нишон додани малакаву маҳорати баҳскуни дар назди ҷомеа, фикри таҳлилии худро озодона баён карда тавонистан, ҳимоя кардани фикри худ бо далелҳо ва ғайра ташкил карда шуд. Минбаъд ташкилот тасмим гирифт соле 2 маротиба пеш аз маросими супоридани шаходатномаҳо ин бозиро гузаронад.

  • Маросими супоридани шаҳодатномаҳо
  • Санаи 26 декабри соли 2016 21 нафар хатмкунандагон бахши Дискашн 1 ва 21 нафар психологияи интенсивиро бо забони англисӣ хатм карда ба Дискашн 3 роххат гирифтанд. Бод кайд кард, ки максади асосии ташкили ин бахшҳо ин инкишоф додани малакаву маҳорати хонандагон дар чабҳаи озодона фикри худро бо забони англисӣ баён кардан, онро бо далелҳо исбот кардан, баҳсу мунозира кардан, тартиб додани саволҳои таҳлили, таҳлил ва танқидкуни ва ғайра мебошад.

  • Бахши интенсивии Инсоншиносӣ бо забони англисӣ
  • Аввалин бор дар ташкилот дар мавсими тобистона бахши эксперименалии Инсоншиносӣ бо забони англисӣ ташкил карда шуд. Бахши Инсоншиносӣ ин фанни бисёрсоҳаи гуманитари буда, бахшҳои зеринро ба монанди фалсафа, таърих, ҷомеашиносӣ, диншиносӣ, санъат ва маданиятшиносӣ, этика эстетика, психология ва ғайраро дар бар мегирад. Дар раванди таълим хонандагон хеле мавзӯъҳои аҷоиб ва ҷолиби диккатро бо забони англисӣ аз худ карданд, ки ин имконият танҳо дар ин ташкилот ба онҳо дода мешавад.

  • 10-солагии таъсисёбии ташкилот
  • Соли 2016 Ташкилот 10-солагии таъсисебии худро ботантана дар бинои театри К.Хучандӣ таҷлил кард. Дар ин чорабини волидайн меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, мактабу донишгоҳҳо ва ташкилотҳову марказхои омӯзиши иштирок карданд. Барномаи чорабини аз қисми расмии супоридани шаҳодатномаҳо, хондани гимни ташкилот, қасамёдкуни ва қисми фархангӣ иборат буд. Инчунин хатмкунандагон малакаву маҳорати худро бо забони англисӣ баҳсу мунозира карданро дар назди ҳозирин пешкаш карданд.

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93
Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93

Мо дар

счетчик посетителей сайта