окна фотограф html php памятники знакомства


  • Дар марказ системаҳои нави донишсанҷӣ ворид гардиданд
  • Моҳи январи соли ҷорӣ дар ТҶ «МРМҶН» ба номи У. Шекспир тағйирот ва иловаҳо ба системаи санҷиши хонандагон дароварда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар марказ тестҳои электронӣ барои муайян карадани дараҷаҳои дониши хонандагон ба фаъолият шурӯъ кард. Тести электронии мазкур ҳоло барои дараҷаҳои ибтидоӣ ва миёна ба истифода дода шудааст, аммо маъмурияти марказ бо суръати баланд тестҳои электрониро барои дараҷаи олӣ низ омода сохта истодаанд

  • Маросими супоридани шаҳодатномаҳо ташкил карда шуд.
  • Чун анъана дар Ташкилоти ҷамъиятии «МРМҶН» ба номи У. Шекспир соле ду маротиба маросими тантанавии тақдими шаҳодатномаҳо барои хатмкунандагон гузаронида мешавад. Санаи 28 – уми декабри соли 2017 дар марказ маросими навбатц бахшида ба Соли нави омадаистода гузаронида шуд. Дар маросими зерин ба хонандагони бахшҳои Discussion 1, Discussion 3 ва Discussion 4 шаҳодатномаҳо оиди хатми бахш супорида шуданд. Баъдан дар қисми дувуми маросим озмунҳои «Диктанти беҳтарин», «Иншои беҳтарин», «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ ҷамъбаст карда шуданд.

  • Дар марказ бозиҳои нави интеллектуалӣ баргузор гардид
  • Дар ташкилоти мо санаҳои 23.12, 25.12 ва 26.12. бозии интеллектуалӣ «Counter - strike» ташкил карда шуд. Дар ин бозӣ хонандагони бахшҳои Discussion 1, Discussion 3 ва Discussion 4 қувваозмоӣ карданд. Иштирокчиён дар муҳориба хело бо шавқу рағбати зиёд иштирок варзиданд ва тавоноии худ ва забондонии худро бори дигар исбот карданд. Барои аъзои ҳакамон пайдо кардани ғолиби муҳориба осон набуд, зеро ҳарфзании хонандагони марказ бо забони англисӣ дар дараҷаи аъло аст ва ниҳоят пас аз санҷишҳои иловагӣ ва сӯҳбатҳои тӯлонӣ аъзои ьакамон щолибонро пайдо сохтанд. Аз бахши Discussion 1: Абидова Аниса ва Каримова Хуршеда. Аз бахши Discussion 3: Мукаррамов Сӯҳроб ва аз бахши Discussion 4: Ҷумъаева Ҳадиса ва Дадобоева Шаҳноза ба унвони «Баҳскунандаи беҳтарин» сазовор гаштанд.

  • Ташкил ва гузаронидани бозиҳои нави интеллектуалӣ
  • Рӯзҳои охир аз тарафи маъмурияти ташкилот 2 намуд бозии интеллектуалии нав барои хонандагони марказ ворид гардид. Бозии аввалин «Дуэль» ё худ «Муҳориба» ном дорад. Ин бозӣ аз 3 давр иборат буда, дар он 2 нафар хонандагон иштирок меварзанд. Бояд гуфт, ки аз 8 нафар иштирокчиён 2 нафар иштирокчиён бозингарони асосӣ ба ҳисоб мераванд ва 6 нафари дигар гурӯҳи «Ёрирасон»-ро ташкил медиҳанд. Ғолиби ин озмун ба ҷоизаи «Наттоқи беҳтарин» сазовор мегардад. Бозии дувум бошад, «Сounter-strike» ном дошта он аз 4 давр иборат мебошад. Дар ин бозии интеллектуалӣ ҳамагӣ 8 нафар (зиедтар е камтар, вале микдори иштироккунандагони хар ду даста бояд баробар бошад) иштирок мекунанд. Ин бозӣ хеле шавқовар буда, хусусияти асосии ин бозӣ аз он иборат аст, ки ҳангоми анҷоми хар даври бозӣ 2 нафар иштирокиён аз бозӣ хориҷ мешаванд ва дар давраи ниҳоӣ танҳо ду нафар иштирок меварзанду халос. Ғолиби озмун ба ҷоизаи «Баҳскунандаи беҳтарин» сазовор мегардад.

  • Имтиҳони қабул ба сафи Discussion (Баҳсу мунозира бо забони англисӣ)
  • Дар ТҶ «МРМҶН» ба номи У. Шекспир мувофиқи нақшаи корӣ имтиҳон барои қабул шудан ба сафи хонандагони бахши Discussion(Баҳсу мунозира) гузаронида шуд. Имтиҳон санаҳои 03.05.2017 ва 08.05.2017 соати 14:00 баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки 34 нафар довталабон имтиҳон супорида 25 нафарашон ба сафи хонандагони бахши Discussion (Баҳсу мунозира) дохил шуданд. Муҳим барои қайд он аст, ки дар имтиҳон хонандагони дигар марказҳои шаҳр низ иштирок варзида, барои дохил шудан ба бахши Discussion (Баҳсу мунозира) - и ташкилотамон хоҳиши беандоза доштанд. Дар имтиҳон холҳо аз рӯи ҷадвали 10-хола гузошта мешаванд ва холи гузариш аз 8 то 10 хол ба ҳисоб меравад. Ба довталабоне, ки аз 7 хол камтар гирифтанд, муҳлат барои мукаммал кардани дониши худ дода мешавад. Руйхати пурраи довталабон чунин мебошад: № Ном ва насаби довталаб Хол Эзоҳ 1 Усмонова Нигора 8 Қабул шуд 2 Усмонова Адиба 10 Қабул шуд 3 Хафизов Эраҷ 10 Қабул шуд 4 Комилова Масъуда 9 Қабул шуд 5 Раҳимова Рухшона 7 Мӯҳлати муайян 6 Зоидова Маҳина 8 Қабул шуд 7 Солиев Расулҷон 7 Мӯҳлати муайян 8 Қодиров Фирӯз 8 Қабул шуд 9 Розиқов Аминҷон 8 Қабул шуд .10 Абдурасулзода Абӯбакр 7 Мӯҳлати муайян 11 Норов Дилшод 8 Қабул шуд 12 Валиҷонов Хуршед 8 Қабул шуд 13 Обидов Амирҷон 7 Мӯҳлати муайян 14 Негматов Маъруф 8 Қабул шуд 15 Зарифзода Рухшона 9 Қабул шуд 16 Раупова Умедахон 9/10 Қабул шуд 17 Хӯҷаева Мадина 8 Қабул шуд 18 Махсудова Азизахон 9 Қабул шуд 19 Баҳодуров Амирхӯҷа 9 Қабул шуд 20 Эҳсонов Усмон 7 Мӯҳлати муайян 21 Қобилов Раҳимчон 8 Қабул шуд 22 Исоев Ҷаъфар 10 Қабул шуд 23 Зокиров Қурбонҷон 8 Қабул шуд 24 Хайдаров Муҳаммаҷон 7 Мӯҳлати муайян 25 Ниёзов Дилшод 7 Мӯҳлати муайян 26 Зокиров Каримҷон 7 Мӯҳлати муайян 27 Ҳайдарова Монадҷон 10 Қабул шуд 28 Обидова Фирӯза 9 Қабул шуд 29 Ёқубова Шукрона 9 Қабул шуд 30 Муллоев Саидҷон 10 Қабул шуд 31 Султонова Фарзона 8 Қабул шуд 32 Шарипов Равшан 6 Мӯҳлати муайян 33 Муҳаммадидрис Наргис 9 Қабул шуд 34 Болтаев Меҳрон 9 Қабул шуд

  • Холҳои имтиҳони ниҳоӣ...
  • Мувофиқи нақшаи имтиҳонӣ хатмкунандагони ташкилот имтиҳонҳои ниҳоиро супориданд. Имтиҳон санаи 21.02.2017 соати 14:00 ва соати 15:30 баргузор гардид, ки дар он ҳамаи хатмкунандагон иштирок карданд. Маъмурияти ташкилот аз имтиҳони супоридаи хатмкунандагон қаноатманд гаштанд. Бояд қайд кард, ки супоридани имтиҳони ниҳоӣ пеш аз супоридани шаҳодатномаҳо гирифта мешавад ва муддати дароз аст, ки чунин равиши кор дар ташкилот бурда мешавад. Холҳо аз рӯи ҷадвали 10 хола гузошта мешаванд ва холи гузариш аз 8 хол боло мебошад. Руйхати хатмкунандагон бо холҳояшон: 1. Раупов Муҳаммадҷон 9.7 2. Бурҳонов Алишер 9.6 3. Сатторов Диловар 10 4. Муҳиддинов Ҷаҳонгир 10 5. Зиёбоев Парвиз 9 6. Ғафуров Шукрулло 9 7. Раҳмонов Мирзофаррух 9 8. Султонов Муҳаммадҷон 9 9. Мансуров Зафарҷон 9 10. Абдуҳамидов Амирҷон 9 11. Халилов Абдуҷалил 9 12. Мукаррамов Сӯҳроб 9 13. Ғаффоров Каримҷон 9 14. Рустамов Далер 9 15. Мирзобоев Мирзошавкат 9 16. Қаюмов Абдурасул 10 17. Азаматов Фирдавс 10 18. Иномзода Раҳмон 10 19. Эргашев Ғафурҷон 9 20. Ёқубов Мубинҷон 10 21. Мамадов Исломҷон 10 22. Холбоев Комрон 9 23. Бобоҷонов Хуршед 9 24. Маҳмудхӯҷаев Аъзамхон 9 25. Каримова Манижа 10 26. Одилов Илҳомҷон 9 27. Маҳмудов Иброҳимҷон 9 28. Дӯстматова Рухшона 10 29. Исмоилҷонов Назирҷон 10 30. Шамсиев Аббосҷон 9 31. Маннонов Шарифхӯҷа 9.5

  • Дар марказ маросими ғайринавбатӣ эълон карда шуд
  • Маъмурияти ТҶ «МРМҶН» ба номи У. Шекспир бо роҳбарии раиси марказ Ӯрунова Ҳ.У. тасмим гирифт, ки маросими супоридани шаҳодатномаҳоро барои хатмкунандагони марказ баргузор созад. Бояд гуфт, ки шумораи аниқи хатмкунандагон ба 37 нафар рост меояд ва онҳо хатмкунандагони гуруҳҳои Discussion – 1, Discussion – 1(бачагона) ва Discussion – 2 (психологияи интенсивӣ бо забони англисӣ) мебошанд. Санаи баргузории мароси 06.03.2017 (рӯзи душанбе) соати 14:00 муайян карда шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки то ин дам дар ташкилот маросими супоридани шаҳодатномаҳо ду маротиба дар як сол баргузор мегардид, моҳи декабр – маросими зимистона ва моҳи август – маросими тобистона. Аммо соли равон ин равиши баргузории маросим тағйир ёфт. Далели ин тағйирот он аст, ки маросими пешистода маросими ғайринавбатӣ буда, он ҳамчун маросими – аввали баҳорона эътироф шудааст. Маъмурияти ташкилот ҳамаи волидайни хатмкунандагонро ба маросими мазкур даъват менамояд!

  • Оғози озмунҳо ва имтиҳонҳо дар ташкилот
  • Чун анъана дар ТҶ «МРМҶН» ба номи У. Шекспир пеш аз маросими супоридани шаҳодатномаҳо якчанд намуд озмунхо гузаронида мешаванд. Аз ин лиҳоз аз тарафи раиси марказ Ӯрунова Ҳ.У. ду ҳафтаи охири моҳи феврал барои гузаронидани озмунҳо ҷудо карда шудааст. Аниқтараш, гузаронидани озмуньҳо аз санаи 13.02.2017 ибтидо ёфта то санаи 27.02.2017 тӯл хоҳад кашид. Бояд қайд кард, ки тӯли 2 ҳафта чунин намуд озмунҳо гузаронида мешаванд: 1. «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ 2. «Иншои беҳтарин» бо забони англисӣ 3. «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ 4. «Хонандаи беҳтарин» . Боз бояд хотиррасон кард, ки аз гурӯҳҳои хатмкунандагон имтиҳонҳои ниҳоӣ гирифта мешаванд. Тақвими пурраи гузаронидани озмунҳо ва имтиҳонҳои ниҳоӣ: 13.02 – гузаронидани озмуни «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ, 14.02 – гузаронидани озмуни «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ, 15.02 – гузаронидани озмуни «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ, 16.02 – гузаронидани озмуни «Иншои беҳтарин» бо забони англисӣ, 17.02 – гузаронидани озмуни «Иншои беҳтарин» бо забони англисӣ, 20.02 – гузаронидани озмуни «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ, 21.02 – супоридани имтиҳони ниҳоӣ , 22.02 – гузаронидани озмуни «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ ва супоридани имтиҳони ниҳоӣ, 23.02 – гузаронидани озмуни «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ, 24.02 – гузаронидани озмуни «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ.

  • Аввалин бор дар ташкилот «Клуби файласуфони чавон» ташкил карда шуд
  • Аввалин бор дар ташкилот «Клуби файласуфони чавон» ташкил карда шуд. Мақсад аз ташкил кардани ин клуб бо хонандагон шинос кардан ва омӯзонидани асосхои илми фалсафа, файласуфон ва ақидахои илмии онхо мебошад. Таълим бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, хонандагон на танхо ба маълумотҳои аҷоиби илми фалсафа соҳиб мешаванд, балки онҳоро таҳлил ва баҳс мекунанд.

  • Бори дуввум аст, ки дар ташкилот бахши махсуси тайёрӣ ба TOEFL ташкил карда шуд
  • Бори дуввум аст, ки дар ташкилот бахши махсуси тайёри ба TOEFL ба хоҳишмандон ташкил карда шуд, ки онро 10 нафар бомувафффакият хатм намуданд. Ин бахш аз 4 кисм иборат аст: хониш ва фаҳмидани матни душворфаҳм ва ба саволу тестҳо ҷавоб додан, шунидан ва фаҳмида тавонистани матни душворфахм аз нутқи дорандаи забон ва ба саолу тестҳо ҷавоб додан, гуфтугӯ гардан дар мавзӯъҳои додашудаи мухталиф, ва навиштани иншо бо забони англисӣ мебошад.

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93
Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93

Мо дар

счетчик посетителей сайта