окна фотограф html php памятники знакомства



  • Маълумот дар бораи ташкилот
  • Ташкилоти Ҷамъиятӣ «Маркази рушди маърифатнокии ҷавонон ва наврасон» ба номи У. Шекспир (собиқ Иттиҳодияи Ҷамъияти «Маркази омзишии Драйвер» дар шаҳри Хуҷанд) 6 октябри соли 2006 дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд. Муассиси ташкилот –Ҷумъаев Диловар Умарбоевич- омӯзгори фанни забони англисӣ, муаллими ҳалиму хоксор, мутахассиси пешқадам дар соҳаи таълими забони англисӣ мебошад. Раиси ташкилот –Ӯрунова Ҳамида Умарбоевна –номзади илмҳои педагогӣ, докторанти шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи Илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, омузгори фанни забони англисии Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ мебошанд. Ҳадаф аз таъсис додани ташкилот ин таълиму тарбияи ҷавонон ва наврасон дар ҷодаи забономӯзӣ, илмомӯзӣ, касбу ҳунаромӯзӣ мебошад. Аз ибтидои фаъолият дар маркази омӯзишӣ танҳо забони англисӣ, немисӣ, бахшҳои компутерӣ дар сатҳи аввали омӯзиш таълим дода мешуданд. Ҳоло бошад аллакай якчанд иқдомҳои нав ба роҳ монда шуданд. Ин ҳам бошад таълими забони англисӣ дар сатҳи бахши дебатҳо ва баҳсу мунозира -Дискашн 1 (дебатҳо бо забони аглисӣ), Дискашн 2 (психологияи интенсивӣ бо забони англисӣ ), Дискашн 3 (Клуби файласуфони ҷавон), Дискашн 4 (бахши Инсоншиносӣ бо забони англисӣ) бахши санъати суханронӣ дар ҷомеа бо забони англисӣ дар ва бахши омодагӣ ба TOEFL.

  • Принсипҳо ва хусусиятҳои асосии фаркунандаи марказ
  • - усули фаъоли интерактивии таълим;
    - муносибати инфиродӣ бо хонандагон;
    - навоварии мунтазам дар раванди таълим;
    - инкишофи фикрронии танқидии донишҷӯен;
    - инкишофи маҳорату малакаи баҳскунӣ ва исботкунии нуқтаи назари худ бо забони модарӣ;
    - инкишофи махорату малакаи баҳскунӣ ва исботкунии нуқтаи назари худ бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
    - гузоштани шахсияити донишҷӯ дар маркази таваҷҷуҳ;
    - меҳрубонӣ ва тахаммулпазирӣ бо кормандону мутахассисон

  • Ӯрунова Ҳамида Умарбоевна
  • Сана ва ҷои таваллуд-22 декабри соли 1982, вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамояти Ҳ.Усмон, кӯчаи Хуҷандӣ 86
    Маълумоти миёна-1999 литсеи №1 шаҳри Хуҷандро бо гувоҳиномаи аъло хатм кардааст.
    Маълумоти олӣ- 1999-2004 факултаи забониҳои хориҷӣ Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо дипломи аълочӣ бомуваффақият хатм кардааст.
    Таҳсилотҳои иловагӣ-1999-2004 Барномаи Байналхалқии Ого-Хон «Инсоншиносӣ»-ро бомуваффақият хатм карда, Соҳиби якчанд шаҳодатномаҳо гаштааст.
    Таҷрибаи илмӣ- 2012 –Рисолаи илмӣ аз бахши Инсоншиносӣ дар мавзӯи «Инкишофи фикрронии танқидии донишҷӯён дар раванди таълими бахши Инсоншиносӣ» ҳимоя намуда, номзади илмҳои педагогӣ гардидааст. Докторанти Шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Фаъолияти корӣ- 2004 Донишгоҳи Политехникии Донишкадаи Технологии Тоҷикистон ба номи М.Осими, омӯзгори фанни забони англисӣ
    Фаъолияти иловагӣ-2006 Раиси Ташкилоти Ҷамъияти «Маркази рушди маърифатнокии ҷавонон ва наврасон» ба номи У.Шекспир

  • Ҷумъаев Диловар Умарбоевич
  • Сана ва ҷои таваллуд-22 феврали соли 1977, вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати Ҳ.Усмон, кӯчаи Хуҷандӣ 86.
    Маълумоти миёна-1994 мактаби миёна №24 нохияи Б.Ғафуров.
    Маълумоти олӣ- 1994-1999 факултаи забонҳои хориҷӣ Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бомуваффақият хатм кардааст.
    Фаъолияти корӣ- 2002 омӯзгори фанни забони англисӣ дар факултаи суханшиноси Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров .
    Фаъолияти иловагӣ-2006 Муассис ва омӯзгори фанни забони англисӣ Ташкилоти Ҷамъиятӣ «Маркази рушди маърифатнокии ҷавонон ва наврасон» ба номи У.Шекспир.

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93
Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93

Мо дар

счетчик посетителей сайта